Лавҳаи хотиравӣ дар Кӯлоб

Май 8, 2015 16:08

Кулоб,08.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-  Дар арафаи ҷашни  Ғалаба дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Раёсати собиқадорони садамаи Чернобил лавҳаи хотиравӣ кушода шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва масъулини вилоят ширкат варзида, тамоми иштирокдорони ҷанг, меҳнаткашони ақибгоҳ ва собиқадорони меҳнатро ба муносибати 70-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ бар Германияи фашистӣ табрик намуданд. 
Роҳбарияти вилоят  ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бар пояи лавҳаи хотиравӣ гулчамбар гузошта, бо лаҳзае сукут хотири шаҳидони Ватанро пос доштанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳодисаи мудҳиш зиёда аз 700 нафар шаҳрванди вилояти Хатлон иштирок намуд. Маъюбону иштирокчиёни садамаи Чернобил ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати кишвар мебошанд.
Дар арафаи иди Ғалаба аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи 200 сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.  
 
 

Май 8, 2015 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст