Маҳфили ҳофизхонӣ дар КМТ

Май 29, 2015 11:34

Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили ҳофизхонӣ доир гардид. Ҷамъомадро  директори китобхона Сайфиддин Назарзода оғоз бахшид. Садри маҳфил донишманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломов  ғазали «Тарсам, ки ашк  дар ғами мо пардадар шавад»-ро шаҳр дод. Сипас донишмандони риштаи адабиётшиносӣ Рустами Ваҳҳоб, Баҳриддин Мақсудов, Боймурод Шарифзода андешаҳои худро дар бораи ғазали мазкур баён доштанд. Маҳфил хеле ҷолиб  ва диққатҷалбкунанда буд.
Шарҳу тафсири ҳар байти Ҳофиз як ҷаҳон маънӣ ва лаззати махсус дорад. Асрҳои аср ва солҳои сол байни муҳаққиқон баҳри тафсири ҳар байту ғазали алоҳидаи шоири лисон-ул-ғайб Ҳофизи Шерозӣ баҳсу мунозираҳои хеле зиёд вуҷуд дошту дорад. Ҳофизро ҳар шахс бо завқу фаҳмишу салиқаи хеш дарк менамояд ва бузургии Ҳофиз  ҳам дар ҳамин аст.

Май 29, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст