Матбуоти Миср дар бораи Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”
Душанбе, 4.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 1 майи соли 2015 аксари хабаргузориҳои калони Миср, аз ҷумла ал-Аҳром, ал-Явм-ус-собеъ, аш-Шуруқ, ал-Мисрӣ ал-явм, ал-Балад, ат-Таҳрир, ал-Баввоба, Ахборак ва ғайра бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA) хабареро дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбтиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни соли 2015 баргузор мегардад, мунташир карданд. Дар зер тарҷумаи тоҷикии он навид омадааст:
“Тоҷикистон ба Миср барои иштирок дар Конфронси оби СММ, ки моҳи оянда баргузор мегардад, даъватнома фиристод
Қоҳира. Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна. 1 майи 2015. Ҳукумати Тоҷикистон ба Нахуствазир Иброҳим Маҳлаб барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар -Душанбе баргузор мегардад, даъватнома фиристод.
Баёнияе, ки онро имрӯз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира паҳн намудааст, таъкид мекунад, ки ҷониби Тоҷикистон таваққуъ дорад, ки Миср ба сифати кишвари меҳварии минтақа дар ин конфронсе, ки дар Душанбе баргузор мегардад, фаъолона ширкат хоҳад намуд. Баёния меафзояд, ки ҳадафи асосии конфронс баррасии фарогири тамоми масъалаҳое, ки ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 тааллуқ доранд, мебошад ва он Конфронс дар бозбинии фарогири Даҳсолаи байналмилалии мазкур нақши муҳим хоҳад бозид.
Баёния тавзеҳ медиҳад, ки конфронс фурсате барои баррасии чолишҳое мебошад, ки татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ бо онҳо рӯбарӯ шудааст. Дар асоси тавсияҳо тадбирҳои бештар, аз ҷумла гузоштани саҳм дар тарҳрезии ҳадафҳои рушди устувор барои захираҳои об қабул хоҳанд шуд. Ишора шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала аҳаммияти фаровон медиҳад ва дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чанд тадбиреро барои таъмини иҷрои муваффақонаи Даҳсолаи байналмилалӣ андешидааст.
Дар ин росто, Тоҷикистон чанд конфронсеро баргузор намудааст, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ дар ҳавзаи рӯдҳои фаромарзӣ, 30 май-1 июни 2005 дар Душанбе, Конфронси байналмилалӣ оид ба пешгирӣ аз хатари офатҳои табиии марбут ба об, 27-29 июни 2008 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баданд роҷеъ ба бозбинии фарогири миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 8-10 июни 2010. Гузашта аз ин, Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро 27-29 августи 2013 мизбонӣ кардааст.”








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






