Минск: “Қаҳрамонон дар хотираҳо зиндаанд”

Май 8, 2015 11:03

Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”). — 7 майи соли 2015 дар мактаби миёнаи маълумоти умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизови шаҳри Минск бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти мактаб чорабинии идона бахшида ба 70- солагии Ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баргузор гардид. Меҳмонони чорабинӣ дар назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов гулчанбар гузоштанд.
Дар назди ҷамъомадагон  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов аз корномаҳои тоҷикистониёне, ки бо қаҳрамониҳои худ ба кори умумӣ кумак намуда, рӯзи Ғалабаро наздиктар карданд, ёдовар шуд.
“Ҳамон вақт аз Тоҷикистоне, ки аз хати ҷанг фарсахҳо дур буда, аҳолияш 1,5 миллионро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафт, 100 ҳазор нафари он аз фронт барнагашт. Зиёда аз 50 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ бо мукофоту медалҳои гуногун сазовор гардида, 57 нафар бо уновони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 19 нафар бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шуд”, -зикр намуд сафир.- 70 сол пеш падарону бобоёни  мо фақат ба туфайли якҷоягии тамоми сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ тавонистанд бар фашистони истилогар ва фашизм Ғалаба намуда, ба ҷаҳон сулҳу суботро баргардонанд”.
Муовини директори мактаб Н.Овчинникова ба ҷамъомадагон оид ба сафараш ба ватани қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов, ки ба номаш мактаби №35 шаҳри Минск гузошта шудааст, нақл кард. “Дар чаҳорчӯби ҷашнгирии 70-солагии Ғалабаи Бузург ва посдории хотираи қаҳрамонон, ки бо қимати умри худ Рӯзи Ғалабаро наздик карданд, тобистони соли 2014 бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон ва агентии иттилоотии “Авеста”, — мо аз Ватани Домулло Азизов дидан намудем. Дар он ҷо мо бо аҳли оилаи қаҳрамон шиносоӣ пайдо кардем”,- гуфт ӯ.
Хонандагони мактаб бахшида ба корнамоиҳои Домулло Азизов шеър қироат намуданд. Ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ бо дастгирии Сафорат барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузоштанд.

 
 

Май 8, 2015 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст