«Мо кӯдакони хушбахти замон»-озмун

Май 29, 2015 11:35

Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар майдони «Ситораҳои  Хуҷанд» — и маркази вилоят озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш байни мактабиёни шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, иштирокчиёни озмун 20 нафар хонандаи синфҳои аз панҷум  то даҳум буда, онҳо ғолиби даври якум гардиданд.
Озмун таҳти унвони «Мо кӯдакони хушбахти замон» доир шуда, иштирокдорон беш аз 25 расми дар рӯйи мумфарш  кашидаи худро манзури ҳакамон намуданд.
Дар натиҷа ҷойи  аввал насиби хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 5 шуда, ҷойи дуюмро  муҳассилини мактаби хусусии «Гулчини маърифат соҳиб гашта, иштирокчиёни мактаби № 22 сазовори ҷойи сеюм шуданд.
 
 

Май 29, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш