Муҳоҷирон бақияи маошашонро гирифтанд

Май 29, 2015 11:17

Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Чанде  пеш бо  мусоидати намояндагии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ дар  ФР  990  ҳазор  рубли  маош, ки  пардохт  нашуда буд,  дастраси  муҳоҷирони  меҳнатӣ  гардид.
Аз  ҷумла, ба гурӯҳи  сохтмончиёни тоҷик, ки дар  Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди «Викос»  кор  мекарданд,  650  ҳазор  рубл  пардохта шуд. Чанде  пеш  муҳоҷир — сокини  ноҳияи  Вахши  вилояти  Хатлон  Раҷабалӣ  Қосимов дар  бораи  пурра  пардохт  нашудани  маошаш  ба  унвони   намояндагӣ  ариза  навишта  буд. Ба  гуфтаи  номбурда  гурӯҳи  сохтмончиён  дар  давраи  аз  моҳи  июл то  моҳи  декабри  соли  2014 ҳаҷми  муайяни  корҳои  сохтмониро  ба  ҷо  оварда, вале  баъди  анҷоми  кор  роҳбарияти  ташкилоти  сохтмонӣ  бо баҳонаҳои  гуногун  пардохти  маошашонро  ба  таъхир  мегузошт. 
Сокинони   ноҳияи  Нуробод  Сангов  Маҳмадалӣ ва  Сафаров  Муродалӣ, ки  дар  Ҷамъъияти  масъулияташ  маҳдуди «Строй -Сервис» кор  мекарданд, 290  ҳазор  рубли пардохтнашдаи  маошашонро  гирифтанд.
Ғайр  аз  ин  ба Санавбар  Сафарова,  Фирӯза  Мирзомуддинова,  Гулнора  Одинаева ва  Мамлакат  Имомова, ки  дар  муассисаҳои  гуногуни  хӯроки  умумии   шаҳри Екатеринбург  кор  мекарданд, қарзи  маошашон ба  маблағи  умумии беш  аз  160  ҳазор  рубл  пардохта  шуд. 
Дар  ин  бора сухангӯи  намояндагӣ  Иброҳим  Аҳмадов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
 
 

Май 29, 2015 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст