Муаррифии фарҳанги тоҷик дар Фестивали байналмилалии анъанаҳо

Май 18, 2015 16:31

Анталия, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқим Малаев). — Дар Донишгоҳи байналмилалии Анталияи Ҷумҳурии Туркия фестивали байналмилалии муаррифии анъанаҳои миллии кишварҳои дунё баргузор гардид, ки дар он 18 нафар донишҷӯи тоҷик ширкат варзиданд. Дар фестивали мазкур донишҷӯёни тоҷик гӯшаи худро доштанд, ки тавассути он аксҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ва таомҳои миллӣ пешкаши тамошобинони фестивал гардиданд. Дар фестивал донишҷӯёни тоҷик санъати баланди мусиқии тоҷикро дар радифи дигар кишварҳо бо сурудани сурудҳо ва дар намоиш гузоштани рақсҳои миллӣ муррифӣ карданд.   
Дар маҷмӯъ дар ин фестивал 500 донишҷӯ аз 83 кишвари ҷаҳон иштирок намуд. Донишҷӯёни тоҷик бо малакаву истеъдоди беҳамтои худ санъату фарҳанги  тоҷикро дар замири намояндагони ин кишварҳо коштанд, ки ин албатта, барои шинохти боз ҳам бештар ва муаррифии номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад.      
 

Май 18, 2015 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад