Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо В. Чикин

Май 14, 2015 17:24

Душанбе,14.05.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз муовини Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо муаллифи лоиҳаи байналмилалии “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” Владимир Чикин дидор ва гуфтугу намуд. Зимни он масоили татбиқи лоиҳаи мазкур баррасӣ гардида, зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои рушди соҳаҳои фарҳанг алалхусус балет таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар навбати худ Владимир Чикин иброз намуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” ин таблиғ намудани шукуфон кишвар дар сатҳи байналмилалӣ тавассути нишон додани аксҳои хотирмон бо иштироки гурӯҳи ҳунарии балети тоҷик дар пасманзари мавзеъҳои ҷаззоби шаҳри Душанбе бо бинову иншооти таърихиву муосир ва табиати хоса ба тамошобинон мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки айни замон Владимир Чикин бо сафари 5-рӯзаи худ дар Тоҷикистон қарор дошта, интизор меравад, ки пас аз анҷоми корҳои тадорукотӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ намоишгоҳи аксҳо ташкил шуда, ҳамчунин аксҳои мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Брюгеи Шоҳигарии Белгия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба маърази тамошо гузошта шавад.

Май 14, 2015 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд