Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ намояндагони Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Патрисия Виеверс Картер ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот раванди амалишавии Лоиҳаи грантӣ «Оид ба таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» баррасӣ гардида, таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар навбати худ маълумоти намояндагони бонки мазкур шунида шуда, зикр гардид, ки Лоиҳаи грантӣ бо маблағи умумии 3,2 млн. доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки ҷаҳонӣ) маблағгузорӣ шуда, вазифаҳои аввалиндараҷаи он аз таҳияи Феҳристи миллии автоматикунонидашудаи ҳифзи иҷтимоӣ бо назардошти нигоҳдории пурраи техникии феҳристи мазкур, идораи махзани маълумоти гурўҳҳои эҳтиёҷманд, таҳлили сатҳи некўаҳволии гурўҳҳои эҳтиёҷманд ва таъсиси дурнамо вобаста ба такмили соҳаи иҷтимоӣ ва маблағгузории дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Мавриди қайд, ки мониторинги фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати татбиқи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва расонидани кумаки дастгирию методӣ, мукаммалсозии пардохтҳои даврӣ баҳри беҳтар намудани раванди баҳодиҳӣ ва ҳисоботдиҳии масрафи маблағҳои буҷети давлатӣ, гурўҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоиро дар 25 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба анҷом расонид.
Маҷмўи чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ, аз ҷумла доир намудани тренингу семинарҳо дар 15 шаҳру ноҳияи нави таҷрибавӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми нави кумаки унвонии иҷтимоӣ, такмил додани намунаи ҳуҷҷатҳо барои муроҷиаткунандагон оид ба таъйин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ, инчунин нашри маводи таблиғотӣ барои иттилоотонии аҳолии шаҳру ноҳияҳои нави таҷрибавӣ анҷом дода шуданд.
Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба маҳзани ягонаи маълумот 6901 ариза (анкета) ворид шуд, ки дар натиҷаи коркарди он тавассути барномаи электронӣ ба 5754 оила ва шаҳрванди камбизоат кумаки унвонии иҷтимоӣ таъйин шуд.
То ҳолати 1 майи соли 2015 шумораи умумии оилаҳои камбизоат, ки гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ мебошанд, ба 59133 расидааст.
Масъалаҳои дарёфти маблағҳои иловагӣ барои пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин маблағгузории минбаъдаи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор доранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






