Мулоқоти Н. Зоҳидӣ бо ҳайати Коллеҷи миллии мудофиаи Ҳиндустон

Май 19, 2015 08:45

Душанбе, 19.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 майи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Н.Зоҳидӣ аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, мудофиа ва амнияти минтақавӣ шинос намуд.
Н.Зоҳидӣ ба саволҳои намояндагони коллеҷи мазкур дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сармоягузорӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истифодаи васеъ аз иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон  дар таъмини рушди устувор, сулҳ ва суботи минтақа посух дод.
 
 
 
 

Май 19, 2015 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст