Муъминобод: Офати табиӣ сари вақт бартараф гардид

Май 19, 2015 08:31

Муъминобод, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони Хол).-Дар нимаи дуюми рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи боридани борони пай дар пай ва омадани сел ба 50 метр роҳи деҳаҳои Лангар ва  Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод хисорот ворид гардид ва он таъҷилан аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барқарор шуд. 
Ба қавли раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршоев, хушбахтона, хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасон зарар надида, техникаҳои зарурӣ барои пешгирии офати табиӣ равона гардиданд. 
Дар айни ҳол аз тарафи Муассисаи давлатии  роҳҳои мошингард корҳои барқароркунӣ дар сойи Тебалай идома дошта, дар назар аст дар рӯзҳои наздик  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба итмом расанд. 
 
 

Май 19, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст