Мушкилоти нашъамандӣ дар Тоҷикистон

Май 15, 2015 08:39

Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар мизи мудаввар оид ба мушкилоти нашъамандӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони идораҳои давлатӣ, байналмиллалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ширкат варзиданд. 
Мақсади асосии баргузории ин нишаст пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ ва тақвияти фаъолияти идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи коҳиши зарар, табобат ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, мебошад.
Муовини директори агентӣ М. Хайдарзода зикр намуд, ки самти сиёсии ҳукумати кишвар ба пурзӯр намудани назорати маводи нашъадор, созмон додани заминаҳои ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин зарур аст, ки фаъолияти сохторҳои байналмиллалӣ, ҷамъиятию давлатӣ оид ба пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандӣ дар ҳамбастагӣ бо самтҳои нав дар ин соҳа тақвият бахшида шавад.
Дар  мизи мудаввар ҳамчунин масъалаҳои дастовардҳо ва дурнамои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020», усулҳои табобати истеъмолкунандагони маводи нашъадор дар Тоҷикистон, натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии маблағгузорӣ ва дастрас будани хизматрасониҳо ва коҳиши зарар дар ҶТ, тарзу усулҳои табобати нашъамандон дар ҷои маҳрумӣ аз озодӣ баррасӣ гардиданд.
 
 
 
 
 

Май 15, 2015 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст