Мусодираи 32 кг героин дар Афғонистон
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабаре расид, ки сокини вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул аст. Ин хабар фавран ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон расонида шуд. Раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Афғонистон тасмим гирифт, ки дар ҳудуди деҳаи Оббараки вулусволии Арғуи вилояти Бадахшон амалиёти фаврӣ роҳандозӣ шавад. Дар ҷараёни амалиёт аз манзили сокини зикршуда 32 килограмм героин пайдо ва мусодира гардид. Алҳол соҳиби героин дастгир ва аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ҳамзамон барои муайян ва дастгир шудани аъзои боқимондаи гурӯҳе, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул аст, чораҳои амалӣ дида мешаванд.Дар натиҷаи амалиёти навбатии муштараки мақомоти зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолияти ғайриқонунии боз як гурӯҳи ҷинояткор дар қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






