Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Ғалаба

Май 8, 2015 13:02

Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).-Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Ғалаба намоиши китоб доир шуд. Дар  намоиш зиёда аз 50  номгўй китоби дар даврони ҷанг ва баъди он чопшуда бо ду забон — русӣ ва тоҷикӣ гузошта шуд.  
Тибқи иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон як бахши муҳимро китобҳои даврони ҷанг ва солҳои аввали баъдиҷангӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, китобҳои «Таня» (Лидов П. соли 1942), «Ёддошти аскари сурх» (соли 1942), «Сурудҳои ҷанги Ватанӣ» (Абулқосим Лоҳутӣ соли 1943), «Чор ҳодисаи ҷанговарона» (Л. Успенский, Сталинобод- соли  1941), «Рўзҳое, ки қаҳрамононро ба вуҷуд меоранд» (Василевская Ванда соли 1943), “Гудоки зафар” (Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, соли 1949), «Достони марди ҳақиқӣ» (Борис Полевой, соли 1951)  ва ғайра.
Куҳантарин китоб дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар ин намоиш гузошта шудааст, «Пионер дар сарҳад» ном дорад, ки ба қалами  Ҳ. Обидӣ ва А. Усмонов мутааллиқ буда, соли 1941 ба табъ расидааст.
 
 
 
 
 

Май 8, 2015 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст