Навсозии фаввораҳо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ

Май 8, 2015 13:04

Кӯлоб, 8.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соҳиби шаҳодатномаи пойтахти фарҳангӣ гардидани  шаҳри Кӯлоб миёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр аз рӯи лоиҳаи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза идома доранд.
Соҳибкори маҳаллӣ Темур Латипов иқдом гирифтааст, ки ду фаввораи Боғи ба номи Сафар Амиршоевро таъмиру навсозӣ намояд.То кунун корҳои таъмирӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараёни тоза дорад. Ҳоло 600 метр роҳҳои дохил ва атрофи фаввораҳо тармим шуда, дар  300 метри мураббаъ корҳои кошинкорӣ идома доранд. 
Боғи ба номи Сафар Амиршоев дар арафаи истиқболи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бунёд ёфта, ҳамчун мавзеи истироҳатӣ барои сокинон пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Темур Латипов ният дорад, ки то истиқболи солгарди иди Ғалаба иншооти мазкурро аз таъмир бароварда, ба ин гӯшаи шаҳр таровати дигар зам намояд.
 
 
 

Май 8, 2015 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст