Нишасти хабарии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон

Май 21, 2015 08:18

Душанбе, 21.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 майи соли 2015 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чаҳорчӯби баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ( 9 — 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе) нишасти хабарӣ баргузор гардид.Тавре коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) Шоҳмансури Шоҳмирзо хабар дод, дар нишасти хабарӣ рўзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва корпусҳои дипломатии муқими Эрон ширкат варзиданд.Зимни нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода дар робита ба ибтикороти сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, аз ҷумла, роҷеъ ба пешбарии ғояҳои Об барои ҳаёт ибрози назар кард. Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама хоҳони мусоидат ба кўшишҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои таъмини об ва дигар масоили вобаста ба об то соли 2015 буд. Ин уҳдадориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола ҷо ёфтаанд, аз ҷумла, боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи имрўзаи об, кўшишҳои ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ҷиҳати то нисф коҳиш додани шумори одамоне, ки ба оби ошомиданӣ ва беҳдошти умумӣ дастрасӣ надоранд, мусоидат хоҳад кард.Тайи даҳсолаи гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати сохторҳои СММ роҷеъ ба ин мавзўъ чор конфронси байналмилалӣ баргузор намуд.Зимни нишаст дар робита ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории конфронс барнома ва мундариҷаи чорабинӣ маълумоти муфассал барои ҳозирин пешниҳод гардид. Ҳадафи аслии конфронс баррасии фарогири масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал, нақши меҳварии он дар оянда дар бознигарии комили раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва ба таври густурда ба таваҷҷуҳи афкори умумии байналмилалӣ расонидани натиҷаҳои даҳсола мебошад. Конфронс намояндагони кишварҳои аъзо, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимону коршиносонро ба ҳам хоҳад овард.Ҳамзамон таъкид гардид, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии Об дар Кореяи Ҷанубӣ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи навбатии байналмилалӣ таҳти шиори Об барои рушди устувор бо назардошти ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об муҳим ва саривақтӣ буда, дар ин раванд, қабули ташаббусҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистон барои идомаи самараноки татбиқи чораҳо қобили дастгирии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.Дар фарҷом Неъматулло Эмомзода зикр намуд, ки имрўз дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои об ва афзоиши якбораи истифодаи об, дарёфт ва ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ оид ба масъалаҳои об, роҳандозии ҳамкориҳои самарабахшу оқилона дар соҳаи об ба эҷоди рушди устувор, коҳиши камбизоатӣ, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ ва умуман, таъмини сулҳу амонӣ мусоидат хоҳад кард.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ азм дорад вобаста ба дигар ҷанбаҳои масоили марбут ба об дар сатҳҳои гуногун ҳамкориро фаъолона густариш диҳад. Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи об буд, ҳаст ва мемонад, — бо ин ҷумла сафир нишасти хабариро ба поён бурд ва ба саволҳои хабарнигорон посухҳои қонеъкунанда ироа намуд.

Май 21, 2015 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест