Оғози мавсими туристӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-Бо баргузории як чорабинии рангини фарҳангӣ дар ноҳияи Варзоб мавсими сайёҳӣ барои соли 2015 дар Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Дар маросими расмии кушодашавии он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сухан гуфт. Таъкид шуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сол ба сол рушд ёфта, ҷуғрофияи ташрифот низ васеъ гаштааст. Солҳои охир бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони беш аз 80 мамлакати дунё аз Тоҷикистон ҳамчун турист боздид мекунанд. Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар чорабинӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ намоиши маҳсулоти савғотӣ, озмунҳои хӯриши беҳтарин, осоишгоҳи беҳтарин ва пешниҳод намудани хайсайрҳои туризми дохилӣ доир шуданд.
Дар заминаи оғози мавсими туристӣ дар терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гӯшаи электронии иттилоотӣ ва дар ташкилоти «Бохтариён» — и шаҳри Душанбе «Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон» кушода шуд, ки ин барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии минтақаҳои туристии кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 Соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ эълон гардида, моҳи август нахустин Конфронси байналмилалии туристии «Тоҷикистон кишвари туризм», Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» ва Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвинаи ноҳияи Ҷиргатол ба нақша гирифта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






