Озмун: Ҳамнишине беҳ аз китоб набвад

Май 29, 2015 11:15

Душанбе, 29. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо иқдоми Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» мегузарад.
«Ин озмун аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҳадафи он тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, фарҳангии онҳо, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва тамоми аҳли ҷомеа ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон мебошад»,- баён дошт директори китобхонаи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Авғонов.
Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги кишвар  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, эҷодӣ, китобхонаҳо вазифадор шудаанд, ки барои гузаштани ин чорабинӣ мусоидат намоянд. Аз ин хотир, дар доираи озмун  чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатӣ доир гардида, сатҳи донишомӯзӣ, маҳорату малакаи насли наврас омӯхта, ба онҳо баҳри тақвияти омилҳои мазкур кумак расонида мешавад.
Барои иштирок дар даври  ҷамъбастии озмун аз ҳар як вилоят,  шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе як нафарӣ пешниҳод  мешавад. Зимни ҷамъбасти озмун ғолиби он бо «Гран-при» мукофотонида шуда, ҳамзамон «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» муайян мешавад. 
Ҷамъбасти озмун дар Рӯзи китоб — 4 сентябр баргузор мегардад.
 
 
 

Май 29, 2015 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст