Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

Май 25, 2015 11:24

 
 Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба соли оила ва таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи гузаронидани «Даҳ рӯзи ҷавонон»дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид.            Озмун байни донишҷӯдухтарони факултаҳои донишкада сурат гирифт.  Дар озмун донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати кадбонугии худро ба дараҷаи баланд нишон дода, аз уҳдаи шартҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Пас аз анҷом ёфтани шартҳои озмун ҳакамон ҷои аввалро ба донишҷӯдухтарони факултаи ҳисобдорӣ ва омор, ҷои дуюмро ба факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва ҷои сеюмро ба донишҷӯдухтарони факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ доданд. Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо барои ба ҳаёти оилавӣ омода шудани духтарон ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мусоидат менамояд.
 

Май 25, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид