Озмуни «Зани намунавӣ»

Май 25, 2015 08:47

Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Чанде қабл дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли оила озмуни «Зани намунавӣ» баргузор гардид.
Дар озмун 4 нафар омӯзгорзан аз рӯи иҷрои 9 шарт: саломнома, қироати шеър аз ашъори шоирони классикии форсу тоҷик, намоиш додани ҳунарҳои ғайримуқаррарии худ, тарзи тунук намудани хамир ва буридани угро, тарзи омода намудани хӯриши тезтайёр, бастани галстук, ороиши мӯйи сари духтарон, хондани суруди алла, посух ба суолҳои ҳакамон оид ба соли оила иштирок намуданд.
Омӯзгорон аз ҳар ҷиҳат ҳунарҳои худро намоиш дода, сазовори баҳои баланди доварон гаштанд. Дар  ҷараёни озмун, аз ҷумла  дастаи ҳаваскорон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷ ҳунарнамоӣ намуданд.
Гарчанде баҳо додан ба ҳунари омӯзгорон хеле мушкил буд, вале бо як овоз бо гирифтани 175 хол пирӯзӣ насиби омӯзгор Фарангис Назарова гардид.Ҷои дуюм насиби Фарзона Шарипова, ҷои сеюм насиби Кибриё Эмомова ва ҷои чорум насиби Эътибор Султонова гардид.
Озмун хеле хотирмон гузашт.
 

Май 25, 2015 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст