Рашт: кишти баҳории зироат дар авҷ аст

Май 21, 2015 14:15

 Рашт, 21.05.2015.(АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Салимов иттилоъ дод, ки дар ноҳия 2391 гектар кишти баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 1045 гектар ғаладонаи баҳорӣ, 1000 гектар картошка, 165 гектар зироати техникӣ, 60 гектар сабзавот буда, дар 38 гектар бунёди боғҳои нав дар назар аст. Деҳқонони ноҳия аз ҳавои офтобӣ истифода карда, талош доранд ки ҳарчи зудтар кишти  баҳориро ба анҷом расонанд. То имрӯз 750 гектар гандум, 553 гектар картошка кишт шуда, 107 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки бунёди боғ аз нақша  се маротиба зиёд аст.
 Кишти картошкаро аввалин шуда дар ноҳия деҳқонони ҷамоати деҳоти Қалъанак ба анҷом расониданд.
 
 

Май 21, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст