Раёсат ба Тоҷикистон вогузор шуд

Май 14, 2015 09:54

 
Душанбе, 14.05.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Дар шаҳри Кошони Эрон ҷаласаи 19-уми  Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории  иқтисодӣ (СҲИ) /ЭКО/ баргузор гардид, ки дар он раёсати ин ҷаласа ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд.
          Неъматулло Эмомзода — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  намояндаи Тоҷикистон дар СҲИ ва Муассисаи фарҳангии ЭКО барои 2 соли оянда раиси ин Шӯро хоҳад буд. 
       Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангӣ дар ЭКО  мегӯяд, ки Муассисаи фарҳангии ЭКО ниҳоди байналмилалист ва ҳадафаш  густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарӣ миёни кишварҳои узви ин созмон аст. Қароргоҳи ЭКО дар Теҳрон воқеъ буда,   Афғонистон, Эрон, Покистон ва Тоҷикистон узви аслии Муассисаи фарҳангии ЭКО -анд.
 
 

Май 14, 2015 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид