С. Эллиот: ширкатҳои амрикоӣ хостори ташкили корхонаҳои муштараканд

Май 26, 2015 09:23

 
Хуҷанд, 26.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ширкатҳо ва соҳибкорони амрикоӣ дар Тоҷикистон хостори ташкили корхонаҳои муштараканд. Ин нуктаро дирӯз зимни сафари худ ба вилояти Суғд  ва мулоқот бо раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сафири ИМА Сюзан Эллиот иброз дошт. Зимни баргузории мулоқот раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавии тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят аз иқдоми муҳими дар тӯли ду соли охир дар миқёси вилоят амалишаванда, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ин замина ташкили 50 ҳазор адад хоҷагии хурди оилавию инфиродӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳо марказҳои хизматрасонии техникӣ, нуқтаҳои фурӯши тухмиву дору ва маслиҳатдиҳӣ маълумот дода, аз ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини ройгони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сертификат тавассути лоиҳаи кадастри замин изҳори қаноатмандӣ худро баён дошт. 
Сюзан Эллиотт пешниҳоди роҳбарияти вилоятро ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи ҳамкории созмонҳои амрикоӣ дар минтақаи ҷануби кишвар дар мавриди таъмини техникаи хоҷагии қишлоқ дар вилояти Суғд дастгирӣ намуд ва афзуд, ки ҷонибаш чунин лоиҳаҳоро вусъат хоҳад бахшид.
Ҳамзамон сафири ИМА дар масъалаи эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва соҳиби кору маош гардонидани занони хонашин  иброз дошт, ки Сафорати Амрико дар ин маврид метавонад бо роҳи ташкили машваратҳои омӯзишӣ барои занон ва таъмини таҷҳизоти истеҳсолӣ кумак расонад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи оби полезӣ, бунёду барқарорсозии мероси таърихию фарҳангӣ, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва пешгирии онҳо, ҷалби сармоягузории амрикоӣ ба минтақа ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ суҳбат намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба вусъати боз ҳам бештари муносибатҳои манфиатбахши Тоҷикистон ва ИМА умед бастанд.  Бояд гуфт, ки  Сафири ИМА Сюзан Эллиотт  дар доираи сафари чандрӯзаи кории худ дар Суғд инчунин аз МОИ «Суғд» дидан намуда, дар назар аст боздид аз мавзеъҳои маданӣ ва супурдани техникаи хоҷагии қишлоқ ба идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара сурат гирифта, ӯ ҳамзамон бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои таъмири муассисаҳои соҳаи маорифу фарҳанг дар шаҳрҳои Исфараву Конибодом шиносоӣ пайдо хоҳад намуд. 
 

Май 26, 2015 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст