Саҳмдорони Роғун» дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 04.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-22 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор мегардад. Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар иттилоъ медиҳад.
Интизор меравад, ки дар маҷлиси солонаи саҳмдорони НБО «Роғун» ҳисоботи солонаи ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин хулосаи аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои солҳои 2013-2014, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин интихоби аъзои Шӯрои нозирони НБО «Роғун», интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Комиссияи баҳисобгирии НБО «Роғун» матраҳ гардад. Ҳамзамон аудити ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2015 тасдиқ хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун» дар 110 километрии шарқи Душанбе бо иқтидори лоиҳавии 13,1 миллиард кВт соат дар як сол бунёд мешавад ва яке аз иншоотҳои азим ва барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






