Сарфарозии «Сомон Эйр» бо мукофоти бонуфуз
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ширкати Boeing 12 май комёбиҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро дар рушди авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, намояндагони ширкати Boeing имрўз барои дастовардҳои техникӣ («HighTechnicalOn-TimePerformance») ба Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Евхенио Хайме Манзано мукофот супориданд.
«Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо чунин дастоварди таърихӣ ифтихор мекунад. Ин тасдиқи пешво будани ширкат дар минтақа аст.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ширкат Тимур Бандишоев, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 440 рӯз парвозҳоро бетаъхир иҷро намудааст ва ин далели хизматрасонии баландсифати техники њавопаймоҳои ширкат буда, тасдиқи он мебошад, ки ин ширкати бехатар мебошад.
«Ширкати мо аввалин ширкати ҳавопаймоие мебошад, ки ин мукофотро аз ширкати Боинг қабул мекунад ва барои ба даст овардани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии парвозҳо минбаъд низ кўшиш ба харљхоњемдод», — гуфт Э.Х. Манзано. Мукофоти»High Technical On-Time Performance»ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои омодагии саривақтии техники ҳавопаймоҳо ҷиҳати иҷрои парвоз супорида мешавад.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия ва Казоқистон бомуваффақият амалӣ мекунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва 900 мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






