Ширкати Тоҷикистон дар ҷаласаи раванди Истанбул оид ба Афғонистон

Май 29, 2015 08:38

Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25 майи соли 2015  дар шаҳри Исломобод ҷаласаи шахсони мансабдорони аршади давлатҳои аъзои раванди Истанбул оид ба Афғонистон «Қалби Осиё»  баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов намояндагӣ намуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами рушди раванди ҷараёни Истанбул, вазъи амният дар Афғонистон ва дар минтақа, ҳамчунин лоиҳаҳои афзалиятнок дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои CASA-1000, долони иқтисодии Чину Покистон, сохтмони роҳҳои мошинӣ ва роҳи оҳан, инчунин лоиҳаи ТАПИ баррасӣ гардиданд.
Диққати муҳим дар ҷаласаи мазкур ба масъалаи рӯзномаи Конфронси қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии раванди Истанбул оид ба Афғонистон «Қалби Осиё»,  масъалаҳои афзоиши ифротгароӣ ва терроризм дар қаламрави Афғонистон ҳамчун омили амният дар минтақа равона гардид.
 

Май 29, 2015 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст