Суғд: Қоматафрозии муҷассамаи Неъмат Қаробоев

Май 12, 2015 14:15

Хуҷанд, 12.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар рӯзҳои ҷашни 70-солагии Ғалаба дар вилояти Суғд баҳри арҷгузорӣ ба корнамоиҳои абармарди набардҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев дар зодгоҳаш муҷассамаи ёдбуд қомат афрохт.  
  Тавре ки масъулин аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд иттилоъ доданд, Неъмат Қарабоев зодаи деҳаи Шаҳидқароянтоқи шаҳри Конибодом буда, ӯ аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ  аз Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд соли 1966 Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16-и  деҳааш ба номи ин қаҳрамон гузошта шуд, вале ҳайкали худи Неъмат Қарабоев танҳо соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили 70 — солагии  Иди Ғалаба дар саҳни ин мактаб гузошта шуд.
    Ба гуфти манбаъ, Неъмат Қарабоев аввалин тоҷикест, ки бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯъравӣ сарфароз гардидааст. Ӯ моҳи марти соли 1940 барои корнамоиҳои  шоён  дар ҷанги фину шӯравӣ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардида, баъдан пас аз анҷоми ҷанги мазкур дар омӯзишгоҳи тирандозии шаҳри Сухуми таҳсил намуда, аз рӯзҳои аввали оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба фронт равона шуда, моҳи январи соли 1943 ҳангоми убури дарёи Дон ҳалок шудааст.  
   Ба муносибати қомат афрохтани муҷассамаи ёдбуди Неъмат Қарабоев дар мактаби №16-и зодгоҳаш бо иштироки масъулини мақомоти шаҳри Конибодом бо роҳбарии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, собиқадорни ҷангу меҳнат, хонандагони мактаб, наздикону пайвандони қаҳрамони деҳа чорабинии тантанавӣ доир гардид. 
 
 

Май 12, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст