Суғд: Ифтитоҳи маркази адрасбофӣ

Май 26, 2015 09:53

Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо мақсади  иҷрои дастуру супориши раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба ташкили марказҳои омӯзишӣ ва истеҳсоли қолинҳои дастӣ ва Қарори Раиси вилояти Суғд  «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Ёваи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ва атласбофӣ ба кори худ оғоз кард.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар марказ  дар баробари сехи атласбофӣ ва адрасбофӣ, ҳамчунин сехи гилембофӣ, дӯзандагӣ ва сӯзанидӯзӣ таъсис шуда, 30 нафар зани хонашин бо кори доимӣ таъмин шуд. Дар марказ 6 дастгоҳи адрасу атласбофӣ,  6 дастгоҳи дӯзандагӣ, 2 дастгоҳи гилембофӣ  гузошта шудааст. Гузашта аз ин бозомӯзии ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби мутахассисони баландихтисос ба довталабон дар назар аст, ки ба роҳ монда шавад. Дар ин самт бо ҳамкорӣ ва дастгирии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷамоат тасмим гирифтааст, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монад.
 
 

Май 26, 2015 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид