Суғд: Замини наздиҳавлигӣ ба 771 оилаи эҳтиёҷманд

Май 4, 2015 11:25

Душанбе, 4. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  1 май дар ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун ба 771 оилаи эҳтиёҷманд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд.
Зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мазкур, ки барои гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳраки навбунёди Сайҳун омадаанд, таъкид шуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани шароити манзили зисти сокинон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин росто бунёди шаҳраки наву замонавии Сайҳун, ки дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад, маҳз барои таъмини сокинон бо шароити беҳтари зист нигаронида шудааст. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки дар ин минтақа аллакай оби полезиву нӯшокӣ оварда шуда, кашидани хатти ташноб оғоз гардидааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки сокинон метавонанд ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз намоянд, зеро барои ин кор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Абдураҳмон Қодирӣ инчунин гуфт сертифакатҳои ҳуқуқи истифодаи замин барои шаҳрвандон ба таври ройгон дода мешавад. Таъкид шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилот сокинон метавонанд ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намоянд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон кулли ҳозиронро ба иди байналмилалии якдилии меҳнаткашон — Рӯзи 1 май табрик гуфта, барои оғози корҳои бунёдкорӣ ба сокинон барору комёбиҳо таманно намуд.
 
 
 
 

Май 4, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад