Таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар кишвар
Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Маблағгузорӣ ба манзури таъмини амволи манқули дороиҳои ба дастовардашуда»-таҳти чунин унвон дар Душанбе бо ибтикори намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди татбиқи Лоиҳа оид ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар кишварҳои Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ /ACAFI/ бо иштироки иқтисоддонҳо ва коршиносони шинохтаи Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Маркази омӯзиш ва рушди маблағгузории хурд дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма нишаст доир гардид. Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ нигаронида шудааст.
Дар нишаст Савсан Қаҳҳорова -ҳамоҳангсози лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инфрасохтори молиявӣ, Саймон Томпсон, мутахассис оид ба маблағузории гарави амволи манқул аз ҳисоби даромад (Окленд, Зеландияи Нав), Ариф Насибов, ҳамоҳангсози барномаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба рушди инфрасохтори молиявӣ дар Ӯзбекистон ва Гулноз Иброҳимова -мудири Маркази омӯзишӣ ва рушди маблағгузории хурд дар Тоҷикистон доир ба аҳамияти татбиқи лоиҳаи мазкур, инчунин масоили марбут ба гарав гузоштани амволи манқул ҳангоми гирифтани қарз, инчунин баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ табодули назар карданд.Зикр шуд, ки гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар сохтани дастрасии маблағгузорӣ ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурди тиҷоратӣ, дар мавриди тақвияти иқтисодиёт кӯмак мерасонад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи ACAFI гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими инфрасохтори молиявӣ, инчунин таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳибкорони хурду миёна ва корхонаҳо дар шакли ба гарав гузоштани амволи манқул ва гирифтани қарз аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда мусоидат менамояд.
Дар иртибот ба ин рӯзҳои 25 -27 майи соли равон дар Душанбе бо иштироки коршиносони шинохтаи бахши молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Саймон Томпсон ва Ариф Насибов ба кормандону мутахассисон ва менеҷерони муассисаҳои бонкию молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва дигар доираҳои тиҷоратӣ дар масъалаи ба гарав гузоштани амволи манқул ҷиҳати гирифтани қарз ва дигар паҳлӯҳои масъалаи мазкур машварати омӯзишӣ мегузаронанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






