Таҷлили иди Ғалаба дар Хадамоти муҳоҷират

Май 8, 2015 16:04

Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрўз, 8 май дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бахшида ба таҷлили 70-умин солгарди Иди Ғалаба маҷлиси ботантана баргузор шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони хадамот, инчунин собиқадори ҷанг Нуриллоҳ Раҳимов иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоир Каримов гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.
Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Абдуллоҳи Қодирӣ зикр намуд, ки       ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву матонат бар зидди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд.
      Маҳз ба шарофату иттиҳоду ҳамбастагӣ, дўстиву рафоқат ва фидокориву заҳматҳои шабонарўзӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ гардид.
         Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буд, ки дар он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумиятиву машаққатҳои зиёд рў ба рў гардид ва талафоти гарон дод.
         Қариб 300 ҳазор фарзанди бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафараш дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гашт.
       Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба некӣ ёд мекунем, зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад».
       Собиқадори ҷанг Нуриллоҳ Раҳимов як порае аз корнамоиҳояшро дар хоки Руминия нақл намуда, ҷавононро ба ҳисси ватандўстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзу марзу бум ва дастовардҳои фарзандони тоҷик даъват намуд.  
 
 
 

Май 8, 2015 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст