Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар Хуҷанд

Май 18, 2015 09:02

Душанбе, 18. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иштироки оилаҳои намуна ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрик гуфта, оиларо гурӯҳи хурди  ибтидоии давлат номид. Ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад ва аз ин рӯ, ҳамагонро лозим аст, ки дар солим нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бикӯшанд.
Дар шаҳри мо даҳҳо оилаҳои барӯманд ҳастанд, ки худ замоне дар пешрафту шукуфоии кишвар хизмати шоиста кардаанду имрӯз  фарзандону пайвандони онҳо ба ҷомеа хизмати шоиста мекунанд,- гуфт раиси шаҳр.
Дар чорабинӣ оилаҳои барӯманд ҳамсарон- Исматҷон Шерматову Сабоҳат Миркалонова ва Тӯхтабой Улмасову Бароатҷон Ӯлмасова, ки солҳои зиёд дар аҳлию тифоқӣ умр ба сар мебаранд, аз таҷрибаи зиндагии якҷоя ва лаҳзаҳои фаромӯшношудании рӯзгорашон нақлҳо карданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони Театри ба номи Хоҷа Камол аз рӯзгори як оила саҳнача намоиш дода шуд.
 
 

Май 18, 2015 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст