Табибзане дар майдони набард

Май 8, 2015 15:26

Душанбе, 8.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Ҳадаф аз зиндагӣ барои ҳар фард  пеш аз ҳама хидмат  баҳри Ватан, ҳимояи марзу буми он ва дастгирӣ намудани фарзандони баору номуси кишвараш аст. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеа баҳри он мекӯшад, ки саҳми худро дар ҳар як лаҳзаи муҳим ва ҳалталаби ҳаёти   миллаташ гузорад, то аз худ номи неке боқӣ монад. Дар ҳаёт нафароне низ вомехӯранд, ки барои ҳимоя аз марзу буми кишвар омода ҳастанд ба майдони набард, ҷойе, ки метавон  умеди зинда монданро аз даст дод, раванду  барои  наҷоти ҷони дигарон мубориза баранд. Лекадия Дмитриевна Ковтун аз ҷумлаи ҳамин гуна  нафаронест, ки ба ҷавонии худ, нигоҳ накарда, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба майдони набард рафт. Ӯ 8 январи соли 1927 дар вилояти Могиловскийи ҷумҳурии Беларус ба дунё омадааст. Ба гуфтаи худи Лекадия дар ин айём ӯ ҳамагӣ 14 сол дошт, аммо ғурури ӯ  барояш иҷозат намедод, то дар чунин лаҳзаҳои душвор барои халқи муборизи худ кумак накунад. 
         Ҳамин тавр соли 1942 ӯро ба сифати ташаббускор ва ё ба истилоҳ «партизан» ба ҷанг даъват мекунанд. Нахуст ӯ ҳамчун разведкачӣ дар лаҳзаҳои душвортарини ҷанг фаъолият намуда, саҳми худро дар ин самт мегузорад. Аммо вазъи ноороми он замон, ҷоннисориҳо ва муборизаи беамонро бар зидди душман талаб менамуд, ки ин боиси маҷрӯҳ гаштану тир хӯрдан ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштани ҷанговарон мегардид. Чунин вазъият Лекадия Дмитриевна Ковтунро ором гузошта наметавонист  ва ӯ касби табибиро пеша кард, то ин  ки ба ин маҷрӯҳони роҳи сулҳ кумаки худро расонад ва онҳоро аз дами марг наҷот диҳад. «Ман ба он хотир касби табибиро пеша  кардам , зеро ки дар лаҳзаҳои ҷанг ин хеле касби муҳим буд  ва дар ҳамзамон ҷанговарони маҷруҳ ба табобат ниёзи зиёд доштанд»,-мегӯяд Лекадия Дмитриевна. Ба гуфтаи ӯ ҳамшираи шавқат шудан дар ин лаҳзаҳо пеш аз ҳама бо кумаки падараш ба ӯ муяссар шуд, зеро падараш низ табиб буд. Инчунин дар ин лаҳзаҳо дигар табибоне, ки дар майдон маҷрӯҳонро табобат мекарданд, ба Лекадияи ҷавон тарзи ҷарроҳӣ намудан ва умуман расонидани кумаки тиббиро омӯзониданд, ки ин масъулияти ӯро дучанд намуд. 
          Лекадия Дмитриевна Ковтун ба сифати ҳамшираи шавқат  дар дастаи ҷузъи автоматчиён фаъолият кардааст. Ӯ иброз медорад, ки муборизаи беамони ҷанговарон бар зидди душманон гарчанде хатарнок буд, аммо табибон низ дар баробари ин гуна фарзандон барои ҳаёти ҷанговарон мубориза мебурданд, ки ин кори осон набуд, «Аз ҳама кори душвор барои  ҳамшираи тиббӣ буд, чунки пеш аз ҳама дар вақти ҷанг хунравии ҷанговарон хеле зиёд  буд ва вақте ҷанговаронро ҷарроҳӣ мекарданд, таҷҳизоти махсус барои ҷарроҳикунӣ набуд, ҳатто ҳолатҳое мешуд, ки  устухонро арра мекарданд, ки ин барои ҷанговарони ҷароҳатбардошта хеле дарднок буд»,-меафзояд Лекадия Дмитриевна. Аз гуфтаҳои номбурда бармеояд, ки дар солҳои ҷанг шароит барои ёрии фаврии тиббӣ на он қадар хуб будааст. Барои он, ки ёрии таъҷилии тиббӣ ба маҷрӯҳон расонида шавад, ба гуфтаи Лекадия, онҳо тамоми Беларус ва Смоленскийро  пиёда тай карда, беморонро табобат мекарданд. Маводи дорувориро  ё бо тайёра меоварданд ва ё тавассути парашют ба замин мепартофтанд, то табибон онро гирифта маҷрӯҳонро табобат кунанд. Номбурда меафзояд, дар он лаҳзаҳо имконияти якбора табобат кардани ҳама вуҷуд надошт, аз ин рӯ нафароне, ки ҷароҳати вазнин бардошта буданд  бо тайёра ба  Маскав фиристода мешуданд ва шахсони ҷароҳати сабукдоштаро ба ягон деҳаи наздик мефиристоданд, то ки барои табобат кумак кунанд.
Ҳамшираи тиббӣ Лекадия Дмитриевна Ковтун иброз медорад, ки дар баробари он ки  расонидани кумаки тиббӣ ба маҷрӯҳони ҷанг кори масъулиятнок ва пуршараф буд, аммо ҳолатҳое низ мешуд, ки худи табибон низ ба кумак ниёзманд мешуданд. «Лаҳзаҳои душвор ҳамон вақт буд вақте фашистон моро муҳосира карданд ва дар ин вақт на об нӯшида метавонистем, на хӯрок хӯрда»,-мегӯяд Лекадия Дмитриевна. Аммо бо гузашти вақт ҳамаи душвориҳо паси сар шуд ва соли 1944 Лекадия Дмитриевна Ковтун ба Ватан бармегардад. Барои иштирок дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  ва хизмати пурмасъул ба ҷанговарони маҷрӯҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ номбурда бо 12 медал ва 2 орден. инчунин  дигар кумакҳои молиявӣ мушарраф гаштааст, ки ҳанӯз ҳам ин гуна кумакҳо ба Лекадия Дмитриевна Ковтуни 88- сола расонида мешаванд. Корнамоии чунин занони шуҷову далер ва  содиқ  ба Ватан мисли Лекадия Дмитриевнаро Ҳукумати мамлакат низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва ҳамасола ба ӯ ва аҳли хонадонаш кумакҳои маънавиву  пулӣ мерасонанд, зеро ӯ намунаи волои ҳифзи марзу бум дар роҳи расидан ба сулҳ  аст.
 
 
 
 
 

Май 8, 2015 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст