Таъмини муҳоҷирони экологӣ бо қарзҳои имтиёзнок

Май 12, 2015 09:23

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои  Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, барои аз минтақаҳои хавфнок кўчонидани  350 хоҷагии дар ин мавзеъ ҷойгир буда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо фарорасии мавсими гармо ба мавзеъҳои бехавф кўчонидани 34 хоҷагӣ аз ВМКБ, 55 хоҷагии вилояти Суғд, 175 хоҷагии вилояти Хатлон ва 86 хоҷагии  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз мегардад.  
 Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ А. Қодирӣ иттилоъ дод, муҳоҷирони кўчонидашаванда бо қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин мешаванд.

Май 12, 2015 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст