Вохӯрии С.Аслов бо соҳибкорони Ҳиндустон

Май 14, 2015 10:31

Душанбе, 14.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 майи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо намояндагони бонуфузи доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон мулоқот намуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва раҳбарияти ширкати CHL Limited-и Ҳиндустон баргузор гардид.
С.Аслов оид ба сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар амалӣ мекунад, сухан гуфт.  Дар ин росто имконияту роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид гардиданд.  
Аз ҷониби намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон алоқамандии воқеӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир шуд. Барои тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо ва баррасии лоиҳаҳои муштарак пешниҳод шуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.
Дар ҳошияи мулоқоти С. Аслов бо доираҳои соҳибкории Ҳиндустон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҷолибияти Тоҷикистонро барои сармоягузориҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.
 

Май 14, 2015 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст