Аз 3 то 5 июл ҳарорати ҳаво 45-47 дараҷа гарм хоҳад шуд

Июнь 30, 2015 11:36

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки аз Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ҳарорат то  +45  — +47 дараҷа боло меравад.  
Авҷи гармӣ  ба рӯзҳои 3,4 ва 5  июл рост омада, рӯзҳои баъдӣ ҳарорати ҳаво  тадриҷан поён  хоҳад фаромад. Рӯзҳои  3 ва 5 июл ҳарорат дар шаҳри Душанбе +38 +43 дараҷа гарм хоҳад шуд. 

Имрӯз, 30 июн дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво софу беғубор буда, рӯзона ҳаво   +38 +40 дараҷа гарм шуда, вазиши шамоли суст дар назар аст. 
Шабона ҳаво бебориш буда, ҳарорат +18 +20 дараҷа гарм хоҳад шуд.  Дар Душанбе рӯзона  ҳаво то +37+39 дараҷа гарм мешавад.  
1 ва  2 июл  ҳавои соф дар назар буда, шабона ҳаво  +18 +20  ва рӯзона  +37 +39 дараҷа гарм мешавад. 
Ҳавосанҷон чунин гармиро бо таъсири расидани ҳавои гарм аз ҷониби нимҷазираи Араб, ки бо Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Урдун  ҳамсарҳаданд,  вобаста медонанд.  

Пагоҳ, 1 июл дамои ҳаво дар вилояти Хатлон +39 +41 дараҷа,  дар вилояти Суғд +37 +39  дараҷа,  дар НТҶ +38 +40 дараҷа гарм, дар ғарби ВКМБ +29 +31 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят  +18 +25 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар Душанбе ҳаво +38 +39 дараҷа гарм хоҳад шуд.  

Июнь 30, 2015 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш