КҲФ: Аз аввали сол 54 нафар ғарқ шудааст

Июнь 30, 2015 07:12

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз аввали сол то имрӯз 54 нафар дар натиҷаи ғарқ шудан фавтидааст. Аз шумораи фавтидагон бештарашон мардон буда, 22 нафар то  17 сола ва 29 нафар  аз 17 сола боло мебошад.   Дар  нимсолаи аввали соли гузашта 31 нафар дар натиҷаи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидааст, ки аз ин шумора то 17-сола 11 нафар ва аз 17-сола боло  20 нафар мебошад. 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво оббозӣ аз шуғлҳои асосии  мардум ба ҳисоб меравад. Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва дигар ҳолатҳо ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳатто боиси фавти одамон мегарданд. Дар таътили тобистона аз  волидон, наздикон ва масъулини фароғатгоҳҳо хоҳиш  мешавад,  ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ кӯдакону наврасонро бе назорат нагузоранд. 
Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, ҳарчанд солҳои охир ба  пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад, вале шумораи ғарқшавӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. 

Июнь 30, 2015 07:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст