Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Т оҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Сипас Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 ва Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Тавре зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рўз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рўз, барои субъектҳои хурд 2 рўз муқаррар гардидааст.
Дар идомаи маҷлис Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2018, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омўзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захира кардани маводи ғизоию сўзишворӣ барои тирамоҳу зимистони оянда ва ҳамчунин доир ба пурзўр намудани тадбирҳои амниятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






