Рисолати оиладорӣ дар рушди миллат ва пешрафти давлат
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Оила — неруи пешбарандаи ҷомеа»-таҳти чунин унвон бахшида ба Соли оила дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят конфронси вилоятӣ баргузор гардид. Дар он дар мавзуъҳои «Рисолати оиладорӣ дар рушди миллат ва пешрафти давлат», «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ — яке аз омилҳои асоси солимии оила», «Муаммоҳои оиладорӣ ва роҳҳои ҳолли он», «Оила аз нигоҳи дини мубини ислом», «Нақши оила дар риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Никоҳи хешутаборӣ ва хавфи он дар ҷомеа» маърӯза карданд.
Вобаста ба тарғиби либоси миллӣ байни занону духтарон дар конфронси мазкур либосҳои миллии рӯзмарра ва идона намоиш дода шуданд, ки аз ҷониби ҳунармандони маҳаллӣ омода гардидаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






