Се ҳамлаи маргбор дар Фаронса, Кувайт ва Тунис
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи ҷумъа дар Фаронса, Кувайт ва Тунис бо фарқият дар чанд соат ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифтанд. Ифротгаро Ёсин Солеҳӣ ба корхонае дар шаҳри Сен-Кантен-Фаллав, ки ба иттилои Франс-Инфо худ дар он кор мекардааст, ҳамла карда, директори онро кушта, сарашро буридааст.
26 июн дар дохили масҷиде, воқеъ дар ноҳияи Эс-Савабер дар маркази Эл-Кувайт таркиш рух дод. Бар асари таркиш тамоми тирезаҳои бино шикастанд. Тавре ки хабарнигори ТАСС-шоҳиди ҳодиса хабар медиҳад, ин амали террористӣ буд, ки аз ҷониби маргталаб анҷом дода шуд. Ба иттилои ВАО-и арабӣ гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» масъулияти ин амали мудҳишро ба уҳдаи худ гирифтааст.
Бар асари ҳамлаи рӯзи ҷумъаи террористон ба меҳмонхонае дар шаҳри Сусаи Тунис на камтар аз 39 нафар фавтида, 36 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Тавре ки Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар додааст, дар миёни қурбониёни амали террористӣ шаҳрвандони дигар давлатҳо низ ҳастанд. Ба иттилои радиои Тунис шаҳрвандони хориҷии фавтида сокинони Олмон ва Британияи Кабиранд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамла аз ҷониби террористон анҷом дода шуда, онҳо ба сӯи истироҳаткунандагон оташ кушодаанд. Ба иттилои манбаъ, як ҳамлагар кушта шудааст.
Тавре ки мебинем, имрӯзҳо аз ҷониби террористону ифротгароён ва саркардагони ҳаракату гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар аксар шаҳру кишварҳои бузург куштору таркиш ва дигар амалҳои даҳшатафканию ифротгароёна анҷом дода мешаванд. Қотилоне, ки ин гуна амалҳоро дар ҳар гӯшаю канори олам тарҳрезӣ мекунанд, мехоҳанд бо ин чашми мардумро тарсонида, афкору ғояҳои ифротии хешро тавассути зӯроварию даҳшатафканӣ ба дигарон бор кунанд. Вале мардуми солимфикри олам пайваста ба муқобили ин гуна амалҳои ғайриинсонӣ мубориза бурда, ҷомеаро аз ин шайтонсифатон пок месозанд.
Мардуми Тоҷикистон, ки ҷанги дохилиро аз сар гузаронида, солиёни дароз захмҳои онро табобат кардааст, ҳамеша ба муқобили ифротгароёну террористон муборизаи қатъӣ мебарад. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки ба сулҳу амният ва ҳамбастагию иттиҳоди ин миллату ин кишвар хатаре аз дохил ё хориҷ таҳдид кунад ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба сӯи саодату субот ва созандагии комил равонаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






