Ш. Зуҳуров: «Дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ бояд қарор гирем»
Душанбе, 30.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Мо вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рисолати асосиамон таҳия ва қабули қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бояд намунаи олии риояи бечунучарои қонунҳо, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошем ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ қарор дошта бошем». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон зимни гузориш дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии Парлумони кишвар иброз дошт. Мавсуф ҷойгоҳ ва мавқеи палатаи поёнии Парлумони кишварро ҳамчун мақоми қонунгузор дар пешбурди сиёсати давлат ва эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуд. Раиси Парлумон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, даъвати панҷум афзуд, ки дар зарфи беш аз се моҳи фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар дар даъвати панҷум 10 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон доир гардида, 48 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин дар ин давра 11 ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони кишвар баргузор гардида, 2 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 3 тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 2 қонуни мукаммал, 13 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 8 созишнома, 1 шартнома, 2 конвенсия, 55 қарори Маҷлиси намояндагон фарогири масъалаҳои гуногун қабул гардиданд.
Аз лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти кишвар 11 лоиҳа, Ҳукумати ҷумҳурӣ 18 лоиҳа, аз сӯи вакилон 2 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва қабул гардиданд, ки 12 масъала ба рушди иқтисодиёт, 7 -тоаш ба танзими масъалаҳои иҷтимоӣ, 8 масъала ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва 2 масъала ба такмили сохтори давлатӣ нигаронида шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






