Шоми имрӯз корхонаи «Кока-кола» ба кор медарояд

Июнь 26, 2015 22:53

Душанбе, 26.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе   корхонаи нӯшокиҳои ғайриспиртии «Кока-кола» бо иқтидори истеҳсоли  100 миллион литр нӯшокӣ дар як сол ба истифода дода мешавад. Интизор меравад, ки шоми имрӯз дар маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе иштирок намояд.
Бино ба иттилои Шарофиддин Тағойбеков — мудири шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе корхонаи нӯшокиҳои ғайриспиртии «Кока-кола» бо маблағи 299 ҳазор сомонӣ  дар масоҳати 18 ҳазору 500 метри мураббаъ дар кӯчаи Ҷомии пойтахт  бунёд шудааст. ҶДММ «Кока-кола-нӯшокиҳои Тоҷикистон» фармоишгар ва  ҶДММ «Зафар-Иншоот» пудратчии корхонаи мазкур мебошанд. Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ин корхонаи истеҳсолӣ дар пойтахт 120 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин мегардад. 

Июнь 26, 2015 22:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст