Шуъбаҳои нави таваллуд дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамаданӣ

Июнь 30, 2015 12:03

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Шуъбаҳои нави таваллуд дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо харҷи қариб 26 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин  шудаанд. Ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак мебошад.
Шуъбаҳои таваллудгоҳ аз толорҳои ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ, утоқҳои муҷаҳҳазу замонавии таваллудӣ, озмоишгоҳ, ошхонаву ҳуҷраҳои табобатии оризаҳои таваллудӣ иборат буда, табибони соҳибтаҷриба бо дастрасӣ ба техникаву технологияи муосир имкон пайдо карданд, ки мардуми маҳаллиро бо табобату ташхиси баландсифат таъмин намоянд. Мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосири ин бинои нави беморхона бозомӯзӣ шудаанд. Таваллудхонаи ноҳияи Фархор дорои 50 кати хоб ва таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ дорои 60 кати хоб мебошад.
Зимни ифтитоҳи ин ду бино муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ табибону мардуми маҳаллиро бо ин туҳфаи воқеан арзишманд бахшида ба  ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, табибону кормандони  таваллудгоҳҳоро ба хизмати шоиставу софдилона даъват намуд.
  Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак чунин таваллудгоҳҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳиву эҳёгарӣ қаблан дар ноҳияҳои Ёвон ва Хуросони вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамин гуна корҳо дар 2 беморхонаи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ таъмин гарданд. 

 

Июнь 30, 2015 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд