Ситоиши Ёрдамчии Президент аз роҳбарияти нави АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2015 14:22

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз 30 июн зимни суханронӣ дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳбарияти нави Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро ситоиш кард. Тавре сомонаи tojnews.tj иттилоъ медиҳад, Абдуҷаббор Раҳмонзода Иттифоқи нависандагонро аз надоштани сомона интиқод карда, аз раҳбарияти нави Иттифоқ хостаст, ки дар интернет сомона боз намоянд ва осори адибонро дар он ҷой диҳанд. Ӯ аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро мисол овард, ки дар 10 рӯз сомонаи хабаргузориро нав кардаанд. Тарҳи нави сомонаи “Ховар” зоҳиран аз сомонаи қаблии он фарқ дорад. Сомонаи “Ховар” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ фаъол шуда,  рӯзҳои наздик мавод бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ низ ҷой дода хоҳад шуд. Ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ ҳам дар назар аст.  

Июнь 30, 2015 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст