Ваҳдати миллӣ- кафили созандагист
Душанбе, 27.06.2015 (АМИТ “Ховар”).- 26 июни соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ — кафили созандагӣ” мизи мудаввар баргузор гашт, ки дар кори он намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Сафир аз ҳодисаҳои охири асри XX ёдовар шуда, гуфт: “Имрӯз ба он давраи вазнину мураккаб, ки давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги бародаркушӣ кашида шуда буд, назар афканда, бори дигар то кадом дараҷа муҳиму тақдирсоз будани ваҳдату ризоияти миллиро дарк менамоем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки: “Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд”.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон Анҷумани ҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ фаъолият мекунад, ки раисии онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Инчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020» тасдиқ шудааст, ки сохторҳои давлатӣ мувофиқи он кор мебаранд.
Намояндагони ҷамъият, донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла соҳибкорони тоҷики муқими Беларус аз аҳамияти бузурги Ваҳдат сухан ронданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки сулҳ дар Тоҷикистон бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат, дастгирии мухолифин ва албатта, бо пуштибонии мардуми Тоҷикистон ба даст омад ва ҳар як тоҷикистонӣ бояд ба қадри он бирасад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






