1230 арзу шикояти шаҳрвандон ба телефонҳои боварии вазири ВКД
Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар дар шаш моҳи соли равон ба телефонҳои боварии вазири корҳои дохилӣ 1232 нафар шаҳрванд муроҷиат карда, арзу шикоятҳои худро пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, барои мустаҳкам ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа телефони боварии вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Ба фаъолияти ин телефонҳо эътибори махсус дода мешавад. Натиҷаи кори онҳо мунтазам баҳогузорӣ мегардад.
Дар бораи содиршавии ҷиноятҳо ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 250 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе 8 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд 80 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон 122 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт 11 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ 21 нафар муроҷиат намудааст, ки дар ин муддат дар бораи содиршавии ҷиноят 492 нафар муроҷиат намудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






