170 корхонаи саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода мешавад

Июль 16, 2015 04:47

Хуҷчанд, 16.072015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 2,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 451,9 млн. сомонӣ зиёд аст. Тавре ки аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, агар дар ҳамин давраи соли гузашта суръати рушди саноат дар вилоят бо нархҳои амалкунанда ба 123,2 фоиз баробар шуда бошад, он гоҳ нишондиҳандаи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2015 бо нархҳои амалкунанда ба 128,2 фоиз баробар гардид.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар давоми нимсолаи якум дар миқёси вилоят 76 корхонаву коргоҳи нав бо 1054 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаҳои таъсисшуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Тибқи нақша дар соли 2015 ба истифода додани 170  корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст.

Июль 16, 2015 04:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст