192 санҷиши аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби ҶТ
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 санҷиши аудиторӣ дар вазорату кумитаҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 110 адад зиёд мебошад.
Бино ба иттилои роҳбари маркази матбуоти Палатаи ҳисоби ҶТ Шодӣ Сафарӣ, дар натиҷаи санҷишҳои аудитории ҳамин давраи соли 2014, зарари молиявӣ ба маблағи 14 млн. сомонӣ ошкор шуда, ин нишондиҳанда имсол ба 85 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 70,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 6 млн. 653 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1 млн. 363 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 6 млн. 95 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 792 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 29 млн. 84 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 40 млн. 948 ҳазор сомонӣ ва маблағи пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ 65 ҳазор сомониро ташкил додааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






