192 санҷиши аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби ҶТ

Июль 23, 2015 05:01

Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 санҷиши аудиторӣ дар вазорату кумитаҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 110 адад зиёд мебошад.
Бино ба иттилои роҳбари маркази матбуоти Палатаи ҳисоби ҶТ Шодӣ Сафарӣ, дар натиҷаи санҷишҳои аудитории ҳамин давраи соли 2014, зарари молиявӣ ба маблағи 14 млн. сомонӣ ошкор шуда, ин нишондиҳанда имсол ба 85 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 70,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 6 млн. 653 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1 млн. 363 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 6 млн. 95 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 792 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 29 млн. 84 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 40 млн. 948 ҳазор сомонӣ ва маблағи пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ 65 ҳазор сомониро ташкил додааст.

 

Июль 23, 2015 05:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад