210 кӯдаки аз офат осебдидаро ба Суғд мебаранд
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-25 июл 210 кӯдаку наврасе, ки дар натиҷаи офати табиии 17-уми июл бехона монда буданд, ба вилояти Суғд оварда мешаванд. Тавре ки зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова гуфт, ин гурӯҳи меҳмонон аз се ноҳияи офатдидаи ҷануби кишвар- Шуғнон, Ванҷ ва Рашт оварда мешаванд.
Дар нақша аст, ки 100 кӯдаку навраси аз ноҳияи Шуғнон омада дар лагери “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум, 60 сокини ноҳияи Ванҷ ва 50-нафар зарардидаи офати табиии ноҳияи Рашт дар лагери “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи обхезие, ки 17-уми июл ба миён омад, даҳҳо хонавода дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бесарпаноҳ монданд.
Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иқдом гирифтааст ҳамчун рамзи дастгирӣ ва башардӯстӣ 210 кӯдаку наврасро дар марҳилаи оғози таҳсил вобаста ба синнашон ба мактабҳо ва дигар муассисоти таълимӣ ҷалб намоянд. Инчунин хароҷоти либос, лавозимоти хониш ва боқимонда масрафи ин гурӯҳро мақомоти вилоят ба зимма гирифтааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






